Муҳлати супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ барои адвокатҳо тамдид мешавад
Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тағйирот ворид намуд. Тибқи он муҳлати супоридани имтиҳонҳои тахассусии адвокатҳои кишвар боз ба муддати се моҳ тамдид карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки муҳлати супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ барои адвокатҳо 27 марти соли 2016 ба анҷом расида буд. Бахтовар Сафаров вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконият барои бо имтиҳонҳои тахассусӣ фаро гирифтани шахсоне, ки мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» ба даст оварда буданд, пешниҳод гардидааст.
Бо назардошти он, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 45-и қонуни мазкур на ҳамаи адвокатҳо бо имтиҳони тахассусӣ фаро гирифта шудаанд, дар лоиҳа дароз намудани муҳлати фаъолияти адвокатҳо ба се моҳ пешбинӣ гардидааст. Ин меъёр имконият медиҳад, ки шахсони номбурда мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» соҳиб шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки имтиҳонҳои тахассусии авдовактҳоро комиссияи масъули тахассусӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолити адвокатӣ» мегузаронад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






