Муҳоҷирон аз Юнон ба Туркия бозгардонида мешаванд

Апрель 4, 2016 17:44

Душанбе, 04.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз аввалин киштӣ бо муҳоҷирон  аз Юнон ба Туркия фиристода шуд.  Тавре  рӯзномаи «Российская газета» хабар медиҳад, киштии мазкур таҳти идораи кормандони мақомоти полиси Юнон бо 135 муҳоҷир аз ҷазираи Лесбос  ба самти бандари Туркия ҳаркат намуд. Бозгардонидани гурезагон баъди ба имзо расидани тавофуқнома миёни Иттиҳоди Аврупо ва Туркия, ки 18-уми март сурат гирифт, роҳандози гардид. Ҷараёни бозгардонидани гурезагон «Як бар ивази як »  номгузорӣ шуда, чунин сурат мегирад. Иттиҳоди Аврупо нафаронеро ба Туркия мефиристад, ки ғайриқонунӣ ба кишварҳои ин Иттиҳод омадаанд. Дар ҷавоб ба  ин, ҷониби Анқара ононеро ба Аврупо мефиристад, ки  ҳамчун гурезагони Сурия сабти ном шудаанд. Бозгашти гурезагон аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Бар замми ин Туркия дар кӯтоҳтарин муддат  барои дар қаламрави кишвари худ нигоҳдоштани гурезагон 6 миллард евро дарёфт хоҳад кард.

Бозгардонидани гурезагон ё худ муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳолест, ки воридшудани онҳо ба Юнон идома дорад. Тавре масъулини ин кишвар хабар додаанд, танҳо зарфи 48-соати гузашта ба ҷазираи Лесбос, ки аз ин ҷо гуруҳи аввалини муҳоҷирон бозпас фиристода шуд, 888-гуреза ворид гардидааст. Ба минтақаҳои дигари Юнон, аз ҷумла  Хиос-463 ва ба Самос-31 тани дигар тавассути киштиҳо ворид шудаанд.

Апрель 4, 2016 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад