Муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои будубошро меомӯзанд
Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи сипаригардидаи соли равон кормандони Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафту омади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе» бо 1178 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба ҳолатҳои будубош, касбомўзӣ, гирифтани «сертификат»-и забони русӣ ва дигар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо гузарониданд.
Тавре сардори Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафту омади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»- и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Насим Раҷабов зикр кард, дар вохурҳо ва пурсишҳо бештар ба доштани касбу ихтисос ва забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
То охири моҳи марти соли равон 1235 нафар шаҳрвандон ба шуъбаи мазкур муроҷиат намуда, оид ба тағйиру иловаҳо дар бораи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия маълумотҳои дақиқ гирифтанд.
Ҳамчунин тибқи иттилои номбурда, аз оғози соли равон то имрӯз аз Федератсияи Русия 188 нафар шаҳрвандон бозпас гардонида шуданд, ки аз ин шумора 11 нафари онҳо зан буда, 177 нафарашон мардон мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






