Мулоқотҳои пайваста бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ
Шаҳристон, 13.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон тасмим гирифтааст, ки бо ҷавонони фаъоли ҷамоатҳои ноҳия силсиламулоқотҳои судманд баргузор намояд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, вохӯриҳои мазкур бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ доир мегарданд. Дар мулоқотҳо раиси ноҳия Умар Ёқубзода, масъулини шуъбаҳои ВКД ва КДАМ дар ноҳия ба сокинон оид ба нақшаҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд.
Гуфта мешавад, ки чунин мулоқотҳо то 26 апрел дар дигар минтақаҳои ноҳия низ баргузор мегарданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






