Мулоқоти Пешвои миллат бо директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Шветсария
Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Шветсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот фаъолияти Ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам дар раванди пешбурди муносибатҳои ҳамкорӣ имконоту иқтидорҳои истифода нашуда зиёд ба назар мерасанд.
Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария аз соли 2007 инҷониб бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» шартномаи ҳамкорӣ дошта дар таъмини эҳтиёҷоти ин корхонаи бузурги саноатии мамлакат бо гилхок ва алюминийи аввалия саҳм мегузорад.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва афзун кардани ҳаҷми сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор намуданд.













Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025






