Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Машҳад
Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ Ховар/. Неъматулло Эмомзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон 17 апрели соли равон зимни сафари корӣ ба устони Хуросони Разавӣ бо шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва устодони Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад дидору мулоқот намуд.
Сафири Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар давраи истиқлолият ба таври муфассал суханронӣ намуда, бахше аз мавзӯъҳои асосии Паёмро, ки ба соҳаи илму маориф ва масоили ҷавонон вобаста буданд, таъкид кард.
Ҳамзамон зимни дидор зикр гардид, ки моҳи майи соли равон ду маъракаи муҳими сиёсӣ- гузоштани санги асос ба бунёди лоиҳаи минтақавию интиқолии неруи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва раъйпурсии ҳамагонӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ баргузор мегардад, ки он барои рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконият фароҳам меорад.
Дар анҷоми мулоқот Н.Эмомзода донишҷӯёнро барои беҳтар аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир даъват кард.
Донишҷӯён зимни андешаронӣ аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ истиқбол намуда, барои таҳсили беҳтар ва ҳимояи ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар омодагии худро баён доштанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






