Намоишгоҳи мол ва фестивали фарҳангии Покистон дар Душанбе
Душанбе, 4.04.2016./АМИТ Ховар/. Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон таҳким меёбад. Дар ин росто 8 апрели соли равон дар Кохи Борбади Душанбе намоишгоҳи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад. Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи баргузории ин намоишгоҳ тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мебошад.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳ дар меҳмонхонаи «Серена» ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои саноати сабук ва сохтмон баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон матраҳ мегарданд.
Инчунин 7 апрел баргузории Фестивали фарҳангии Покистон дар Душанбе дар назар аст.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






