Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти русӣ: Душанбе-2016»

Апрель 9, 2016 11:15

Душанбе, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа панҷумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти русӣ: Душанбе-2016» баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур, вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Кирови Федератсияи Русия ва Донишкадаи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир гардид.

Баъд аз вохӯрӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии зикргардида имтиҳони тестӣ гирифта шуд, ки дар он беш аз 150 нафар хатмкардагони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Вахш, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ ширкат варзиданд.

Дар имтиҳон 17 нафар довталабон аз тариқи суҳбат оид ба дохилшавӣ ба Донишгоҳҳои мазкур роҳхат гирифтанд.

 

Апрель 9, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд