Намоишномаи «Теремок» — идомабахши «Чодари хаёл»

Апрель 22, 2016 12:03

Душанбе, 22.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Фестивали «Чодари хаёл» маротибаи панҷум аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва Театри давлатии ҳунарпеша ва лӯхтаки шаҳри Сургути Федератсияи Русия бори аввал аст, ки дар ин Фестивал иштирок менамояд. Ҳунармандони рус дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский намоишномаи «Теремок»-ро пешниҳоди тамошобинон гардонида, ба Фестивали байналхалқии театрҳои лӯхтак- «Чодари хаёл» идома бахшиданд.
«Теремок» бо мазмуни баланд, ки чӣ гуна дӯстона зистан ва мубориза бурдан бо мушкилоти зиндагиро инъикос мекард, барои тамошобини тоҷик ва иштирокдорони Фестивал таассуроти амиқ бахшид. Ҳунармандони рус аз иштирок дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл», ки ҳунармандони зиёдро аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳам овардааст, изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг онро тадбири беҳтарин донистанд.

Апрель 22, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад