Нашри ашъори Халилӣ
Душанбе, 04.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Гулчини ашъори устод Халилуллоҳ Халилӣ бо теъдоди ҳазор нусха дастраси хонандагон гардид. Китоби мазкур дар рӯзҳои ҷашни бостонии Наврӯз ва «Ҳаммоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз» тӯҳфаи муносиб ва як барги сабз буд.
Халилуллоҳ Халилӣ адиб ва шахсияти бузурги сиёсӣ иҷтимоӣ дар кишвари Афғонистон буда, дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Афғонистон нақши муассир дорад. Қаблан ба муносибати 100-солагии ин адиби номдор маҷмӯаи дигари ашъораш интишор гардида буд. Мавриди зикр аст, ки Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИҶТ номи ин шахсияти барҷастаро дорад. Ҳар ду китоб ҳам бо кӯшиши мудири китобхонаи мазкур Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар интишор ёфтааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






