Натиҷагирӣ аз фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ

Апрель 19, 2016 17:48

Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 баргузор гардид. Дар кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  ширкат намуд.

Оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим зикр намуд, ки маҷмўи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми апрели соли 2016 аз 68 адад (32 лоиҳаи грантӣ, 16 лоиҳаи қарзӣ ва 20 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) ба маблағи умумии 21,9 млрд. сомонӣ (ё ин ки беш аз 2,7 млрд. доллари амрикоӣ) иборат мебошад. Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда аз аввали татбиқ то ба ҳолати 1-уми апрели соли равон 8,3 млрд. сомонӣ ё 1,1 млрд. доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 38 %-и маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки қисми бештари лоиҳаҳо аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ (минтақавӣ) тавассути ташкили гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо амалӣ гардида истодаанд. Ба ҳолати имрўза аз 40 агентии татбиқкунандаи лоиҳаҳо 26-тои он  гурўҳҳои татбиқи лоиҳаҳо дар назди вазорату идораҳои соҳавӣ (минтақавӣ) ва 14 адади дигар  марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ба шумор мераванд.

Дар семоҳаи якуми соли 2016 дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Кумита 28 маросими кушодашавии пешниҳодҳои озмунӣ баргузор шуд. Аз ҷамъи умумии озмунҳо дар давраи ҳисоботӣ 3 адад дар соҳаи маориф, 8 адад дар соҳаи обтаъминкунӣ, 1 ададӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ ва гумрук, 4 адад дар соҳаи нақлиёт, 7 адад дар соҳаи инфрасохтори маҳаллӣ ва 3 адад дар дигар соҳаҳо гузаронида шуданд. Аз маҷмӯи озмунҳои мазкур 1 адад такрорӣ ва 3 адади дигар такмилдодашуда ба ҳисоб мераванд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оид ба фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 зикр намуд, ки дар ин самт,  аз ҷумла дар азхудкунии маблағҳо ҳанӯз  ҳам норасоиҳо  вуҷуд доранд ва дар ин бобат  ба масъулин ҷиҳати рафъи онҳо супоришу дастурҳои мушаххас  дод.

 

Апрель 19, 2016 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд

Маводҳои таҳлилӣ