Оғози Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус

Апрель 25, 2016 11:43

Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ оғоз гардид.
Дар ҷаласа ҳайати қисми тоҷикистонӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ ва ҳайати қисми беларусии комиссия, вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Заятс Леонид Константинович, инчунин роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳо, мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори ҳарду мамлакат иштирок намуданд.
Дар раванди кори ҷаласа 11 масъала дар самтҳои афзалиятнок оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, энергетика, алоқа, тандурустӣ, илм, маориф, дастгирии тиҷорати хурду калон ва сармоягузорӣ, инчунин ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 32,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот 2,8 млн. доллари ИМА ва воридот 29,9 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Имрӯз аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тракторҳо, техникаи маишӣ, яхдонҳо, мебел, мошин, ашёи хом барои истеҳсоли таҷҳизоти гуногун, маҳсулоти сохтмонӣ, (плитаҳо, ДСП, фторидҳо, фанерҳо, полиэтилентерефталат), доруворӣ ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла шакар ворид мешавад.
Айни замон кори ҷаласа идома дорад ва аз ҷараёни он шуморо хабар хоҳем дод.

Апрель 25, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд