Омӯзиши кори иҷтимоӣ бо нашъамандон
Душанбе, 2.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Коршиносон аз ташкилоти олмонии “Deutsche AIDS Hilfe” барои гурӯҳи кории миллии иборат аз 15 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ аз ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази норкологӣ омӯзиши дурӯзаро оиди кори иҷтимоӣ бо нашъамандони ашадӣ гузарониданд.
Омӯзиши мазкур дар чаҳорчӯбаи марҳилаи шашуми Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ (CADAP-6) дастгирӣ шудааст. Ин барнома аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиум аз Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон амалӣ мешавад.
Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ (CADAP-6) давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлат бо шарикони Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба минбаъд тақвият додани сиёсати миллии онҳо дар паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад.
Дар давоми омӯзиш, намояндагони ташкилотҳои иҷтимоӣ тарзу услубҳои амалии омӯзишро муайян карданд ва масоили таалуқ ба кори иҷтимоӣ ва офиятбахшии рӯҳиву иҷтимоии истеъмолкунандагони афюнро бо шиддат муҳокима намуданд. Дар тартибдиҳии дастурамал доир ба хизматрасониҳои дастгирикунанда ба одамоне, ки маводи нашъаоварро тариқи тазриқ қабул мекунанд, коршиносони маҳаллӣ хеле фаъол ҷалб хоҳанд шуд.
Дар солҳои 2016 ва 2017 коршиносони маҳаллӣ дар якқатор семинарҳо иштирок хоҳанд кард ва пас аз хатми ин семинарҳо ба онҳо сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт тақдим карда мешаванд. Баҳри минбаъд беҳтар кардани стандартҳои кори иҷтимоӣ бо истеъмолкунандагони афюн дар мувофиқа бо беҳтарин таҷрибаҳои ИА, коршиносони маҳаллӣ дар навбати худ ин омӯзишҳоро ба мутахассисони маҳаллӣ мегузаронанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






