Ошкор гардидани ҷинояти роҳзанӣ дар Душанбе
Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ Ховар/. Миёнаҳои моҳи октябри соли 2015 дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз пайи корҳои худ мерафт. Баногоҳ ду ҷавони тахминан 19-20-сола ба ӯ наздик шуда, бо хишти дар дасташон буда, ду маротиба ба қисмати сараш зада, 22000 рубли Федератсияи Русия ва 100 доллари амрикоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия пас аз чанд рӯзи ҳодисаи рухдода ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро дар гумонбарӣ ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд ва гумонбари дигар дар кофтуков қарор дошт.
Рӯзи 13 апрели соли равон ба кормандони милитсия муаяссар шуд, ки гумонбари дигари ҷинояти мазкурро низ дастгир намоянд. Номбурда марди 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, буда, муддати муайян аз ҷавобгарӣ мегурехт.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






