Пешсафии шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд
Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд пешсаф аст.
Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, пешсаф мебошад.
Гроссмейстери тоҷик аз 7 бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст. Ӯ дар 5 бозӣ пирӯз шуда, 2-тоашро бо гроссмейстерҳои байналмилалӣ Рауф Мамедов аз Озарбойҷон ва Муртаз Кажгалеев аз Қазоқистон мусовӣ анҷом додааст.
Гроссмейстерҳои байналмилалӣ Тигран Петросян (Арманистон), Муртаз Кажгалеев (Қазоқистон), Рауф Мамедов (Озарбойҷон), Александр Зубарев (Украина) ва боз чаҳор нафари дигар 5,5 имтиёзӣ доранд. Ҳафт нафари дигар 5 имтиёзӣ ба даст овардаанд, ки дар байни онҳо як нафар шатранҷбози зан, устоди ФИДЕ Сарвиноз Қурбонбоева (Узбекистон) мебошад.
Дар мусобиқаи Тошканд ҳашт шатранҷбоз аз Тоҷикистон ширкат дорад. Устоди байналмилалӣ Икром Иброҳимов бо 4,5 имтиёз дар байни 118 нафар дар мақоми 29-ум қарор дорад.
Мусобиқа аз рӯи низоми швейтсарӣ аз 9 давр иборат аст. Маблағи ҷоизаҳои мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва барои ҷойи аввал 4 ҳазор, ҷойи дувум – 3 ҳазор, ҷойи севум – 2 ҳазор доллар супурда мешавад. Ҳамагӣ 12 ҷоиза таъсис ёфтааст. Инчунин занон, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.
Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, ки бори даҳум баргузор шудааст, гроссмейстерҳо аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ғолиб шудаанд.
Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






