Пойгаи мототсиклронӣ барои дарёфти «Ҷоми сайёр» доир гардид
Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи пойгаи мототсиклронӣ барои дарёфти «Ҷоми сайёр» — и Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон бо иштироки доираи васеи мухлисону дўстдорони ин намуди ҷаззобу шавқангези варзиш 24 апрел доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар машқгоҳи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, воқеъ дар шаҳри Сарбанд баргузор шуд, созмонҳои мададгори мудофиаи вилояти Суғд, шаҳрҳои Қурғонтеппа, Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Кўлоб ва ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштироки дастаҳои мунтахаби худро таъмин намуданд. Нахуст даври санҷишӣ ва баъдан сабқат барои фатҳи марра байни мототсиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифт.
Мақсади чорабинӣ тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ва ҷалби бештари ҷавонони кишвар ба варзиш, ки қосиди сулҳ ва аз воситаҳои асосии тандурустии шаҳрвандон ва солимгардонии ҷомеа ба шумор меравад, буд.
Таъкид гардид, ки бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон баробари дигар соҳаҳо ба рушду инкишофи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла навъҳои ҳарбӣ техникии он низ имкониятҳои мусоид фароҳам омад. Агар мо дастовардҳои дар зарфи 25 соли даврони истиқлолият соҳибгаштаи варзишгарони ҷумҳуриро нисбат ба 25 соли охири замони Шўравӣ муқоиса кунем, баръало равшан мегардад, ки варзишгарони тоҷик хеле пеш рафта, борҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ шарафи варзиши кишварамонро ҳифз намудаанд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа аз рўи ҳисоби умумидаставӣ дастаи Кумитаи шаҳрии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Сарбанд мақоми аввал, дастаи Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мақоми дуюм ва дастаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Турсунзода мақоми сеюмро ишғол намуданд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






