Рӯзи илм дар Академияи илмҳо

Апрель 8, 2016 16:44

Душанбе, 8.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. 12 апрели соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба иди касбии олимон-Рӯзи илм доир мегардад.
Тавре, ки котиби матбуоти АИ ҶТ Шервони Умриддин хабар дод, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илм, гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. Умаров ва М. Осимӣ аз соати 08:00 то 09:00 дар назар аст.
Сипас дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар саҳни бинои Раёсати АИ ҶТ ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар ин рӯз маросими супоридани дипломҳо ба олимоне, ки дар соли 2016 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста ва супоридани дипломҳо ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи Олимпиадаи АИ ҶТ барои дарёфти “Ҷоми АИ ҶТ” дар назар дошта шудааст.
Маърӯзаҳои илмии олимоне, ки ба ҷоизаҳои олимони барҷаста сарфароз гардида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Апрель 8, 2016 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад