Роҳбаладони сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи ҷаҳонӣ шинос мешаванд

Апрель 16, 2016 09:58

Хоруғ, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ барои мутахассисони маҳаллӣ ва роҳбаладон дар соҳаи сайёҳӣ зери унвони «Ёрии аввалиндараҷа дар ҷойҳои хатарнок ва дигар имкониятҳои рушди сайёҳӣ» семинар баргузор кард.
Ба гуфтаи мушовири соҳаи сайёҳӣ Матеяс Пойшел, ки дар семинар ширкат дошт, мақсад аз баргузории омӯзиш омода кардани мутахассисони маҳаллӣ ва роҳбаладони маслакӣ ҳангоми сайру сайёҳат дар доманакӯҳҳо ва дигар мавзеъҳои хатарзо мебошад. Дар ин гуна лаҳзаҳо онҳо бояд донанд, ки бо чӣ тарзу усул худ ва ҳамсафаронашонро аз хатари эҳтимолӣ наҷот диҳанд. Иқлими сайёра бо гузашти сол тағйир меёбад ва дар паи худ офатҳои гуногуни табииро ба вуҷуд меорад. Бахусус дар манотиқи кӯҳистон. Аз ин рӯ мо дар ин давраи омӯзишӣ бо таҷрибаи роҳбаладони ҷаҳон инҳоро ошно мекунем, то дар мавридҳои зарурӣ аз он истифода баранд.
Ба гуфтаи ин мураббӣ, чанд нафар аз иштирокдорони семинар ба наздикӣ дар намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар Олмон баргузор гашт, ширкат варзиданд. Онҳо низ аз дидаву шунидаҳояшон суҳбат хоҳанд кард.
Мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Хоҷабегим Назармамадова оид ба имкониятҳои рушди туризм ҳарф зада, гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои омода кардани кадрҳо дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои ҷолибу диданӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Апрель 16, 2016 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд