СҶТ: Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати рушди туризм дар дунё ҷои дуюмро соҳиб шуд

Апрель 29, 2016 12:07

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ Ховар/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 майи соли равон дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи оғози мавсими нави туристӣ таҳти унвони «Имкониятҳои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ширкатҳои туристии ватанӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мамлакат, ки дар риштаи туризм мутахассис омода менамоянд, конфронси миллии туристӣ баргузор мешавад.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ҳадафи аслии конфронс муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омӯзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ва баррасии имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон дар соли 2016 мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии туристӣ, ки як ниҳоди вобаста ба СММ мебошад, дар як гузориши тозаи худ дар асоси таҳлилҳои соли 2015 Тоҷикистон, Парагвай — кишвари Амрикои ҷанубӣ ва Ниуэ, кишвари шоҳигарии Зеландияи Навро се кишваре донистааст, ки сайёҳӣ дар онҳо бо суръати хеле баланд рушд мекунад.
Тоҷикистон аз нигоҳи рушди сайёҳӣ дар миёни ин се кишвар дар ҷои дуввум қарор дорад. Дар  гузориш омадааст, ки соли 2015 ба Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳ ворид шудаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 94 дарсад бештар аст.
Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ далелҳои таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин кишварро дар кӯҳҳои сарбафалак, табиати биҳиштосо ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ донистааст.

Апрель 29, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад