Сарбозони КДАМ хизмати Ватанро сарбаландона адо намуданд
Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба гусели сарбозони даъвати баҳории соли 2014 баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ, парафшон гардидани парчам ва оростани саф аз ҷониби афсарон ва сарбозони навдаъватшуда дар майдони асосии қисми ҳарбӣ оғоз гардида, зиёда аз 40 нафар сарбозе, ки муҳлати хизматашон ба итмом расида буд, рухсат карда шуданд.
Сардори маркази таълимии «Пойтахт» Баҳриддин Муминҷонзода ҳамаи хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати хизматашон ба итмом расидааст, табрик намуда, онҳоро барои минбаъд содиқ будан ба Ватан ҳидоят намуд.
Аз ҷониби мушовири калони намояндагии сарҳадбонони Федералии Русия Алишер Ёғибеков табрикоти намояндагони саҳадбонони рус ба ҳозирин ва сарбозон расонида шуд.
Сипас бо хондани амру фармонҳо дар маросими тантанавӣ супоридани билетҳои ҳарбӣ ва баъзе аз сарбозоне, ки зимни хизмат саҳми арзандаи худро гузоштанд, аз ҷониби масъулин бо рутбаҳои сержанти хурд, ифтихорномаҳо ва нишонаҳои сарисинагии «Қӯшунҳои сарҳадӣ» қадрдонӣ шуданд.








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






