Ш. Зуҳуров: «Тоҷикистон ба тақвияти муносибот дар қаламрави АвруОсиё умедвориҳои бузург дорад»

Апрель 20, 2016 10:40

Душанбе, 20.04.2016./АМИТ Ховар/. «Мо боварӣ дорем, ки тавсия ва пешниҳодоти дар машварати якуми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ироагардида барои татбиқи амалӣ ва муваффақонаи лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва байнипарлумонии кишварҳоямон мусоидат менамоянд». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар машварати якуми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Маскав таъкид кард.
Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зикр намуд, ки дар шароити ба вуҷуд омадани хатарҳои нав дар ҷаҳон ва афзоиши ҷаҳонишавии иқтисодӣ нақш ва аҳамияти ҳамгироии авруосиёӣ беш аз пеш меафзояд.
Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим дар асоси меъёрҳои «баррасиҳои муштарак, бунёдгузориҳои муштарак, истифодаи муштарак» барои ҷаҳон имконоти ниҳоят хуб фароҳам оварда, раванди оламшумулро дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди қитъаи АвруОсиё ба вуҷуд меорад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ иқдомоти ҷиддиро дар заминаи амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ рӯи даст гирифт. Дар ин давра Парлумони Тоҷикистон бо мақсади таъсиси маҷмӯи ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодии мамлакат 292 қонун, 14 кодекс, 10 қонуни конститутсиониро таҳия ва қабул намуда, беш аз 300 созишнома ва қарордодҳои байналмилалиро тасдиқ кард. Дар ин росто, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештари кишварҳои АвруОсиё робитаи худро тақвият дода, дар самти тасдиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфросохторӣ, ҳамгироии васеи кишварҳоро бо мақсади муттаҳидии минтақа ва ҷаҳонишавӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ба тақвияти муносиботи неки ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегӣ бо тамоми ҳамсояҳои худ дар қаламрави АвруОсиё умедвориҳои бузург дорад. Чунин равобит ба афзоиши иқтисоди Тоҷикистон, истифодаи самарабахши иқтидорҳои бузурги табиӣ-иқтисодӣ, тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва инсонӣ мусоидат менамояд. Инчунин иштироки кишвари мо дар лоиҳаҳои гуногуни ҳамгироии авруосиёӣ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан мувофиқат мекунад.
Ин аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи лоиҳаи «Камарбанди воҳид, роҳи ягона»-ро имзо кард. Кишвари мо ҳамчунин узви комилҳуқуқи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ҳамзамон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории гуногунсоҳа ва рушди ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуда, дар фарҷом изҳороти муштараки Машварати якуми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё қабул гардид.

Апрель 20, 2016 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд