Шиносоии Сарвазири мамлакат бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа
Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиносоии бевосита бо рафти корҳои кишоварзӣ, вазъи обёрии заминҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон боздид ба амал овард.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ноҳияи Дўстӣ бо фаъолияти корхонаи саноати кишоварзии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» шинос шуданд. Дар корхонаи мазкур истеҳсол ва коркарди пахта амалӣ шуда, он соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ин корхона имкони коркарди 30 ҳазор тонна пахтаро дар як сол дорад. Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» дар ихтиёри худ беш аз 14 ҳазор га заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ дошта, ба беҳдошти вазъи мелиоративии заминҳо ва таъмини кори муназзами пойгоҳи обкашии «Гаровтӣ» низ вобаста шудааст. Сарвазири мамлакат бо ҳолати кори имрўзаи пойгоҳи обкашии «Гаровтӣ» ва вазъи кишту кори пахта дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дўстӣ шинос шуда, ҷиҳати таъмини кори бенуқсони пойгоҳҳои обкашӣ ва саривақту бо сифати баланд анҷом додани кишти пахта ва дигар зироати хоҷагии қишлоқ масъулини соҳаро вазифадор кард.
Дар ноҳияи Ҷайҳун Сарвазири мамлакат бо таҷрибаи ибратбахши кишоварзони ноҳия дар парвариш ва нигоҳубини боғу полезиҳо ва лимў ошноӣ пайдо кард. Зимни шиносоӣ таваҷчуҳи асосӣ барои афзун намудани ҳосилнокии заминҳои пахта, пиёзи барвақтӣ, боғҳо ва гармхонаҳои парвариши лимў зоҳир карда шуд.
Тавре кишоварзони ноҳия изҳор доштанд, ҳавои мусоиди имсола ба деҳқонон имкони фарох фароҳам овардааст, ки кишту кори зироати кишоварзиро саривақт гузаронида, ҳосили баланд, аз ҷумла ҳосили фаровони пиёзи барвақтӣ ва лимўю дигар полезиҳоро ба даст оваранд. Тавре таъкид шуд, лимў ва пиёзи барвақтӣ аз ҷумлаи маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзони ноҳия азми қавӣ доранд, ки дар баробари таъмини эҳтиёҷоти бозори мамлакат бо ин намуди маҳсулот, ҳамчунин содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Дар партави дастгириҳо ва роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии Зарин» барои беҳдошти ҳолати обёрии заминҳо, ба коркарди кишоварзӣ даровардани заминҳои ботлоқу қумзор ва бекорхобида тадбирҳои зиёди шоистаи таҳсин анҷом дода шудааст. Аз ҷониби ин иттиҳодияи аграрӣ дар давоми 14 моҳ 3 412 гектар заминҳои бекорхобида барқарор гардида, пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон таъмиру навсозӣ шудаанд.
Дар ҳамин муддат иттиҳодияи аграрӣ ҳамчунин зеристгоҳи барқӣ, хатҳои интиқоли барқ дар масофаи 28 километр ва роҳҳои маҳаллӣ дар масофаи 18 километрро аз нав бунёд карда, ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони корхонаи коркарди пахтаи маҳиннах ва корхонаи коркарди шолӣ иқдом гирифтаанд. Иттиҳодияи аграрӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кор 84 адад техникаи муосири кишоварзӣ харидорӣ карда, омодакунии заминҳои бекорхобидаро ба кишт таввасути таҷҳизоти лазерӣ ва таҷҳизоти дар шакли борон обтаъминкунанда ба роҳ мондааст.
Дар ноҳияи Ҷайҳун барои ин иттиҳодия наздик ба 9 ҳазор гектар замин вобаста шуда, аз худкунии заминҳои боқимонда дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар сурати азхудкунии пурраи заминҳо шумораи коргарони маҳалии доимӣ ва мавсимии иттиҳодия аз 600 то 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷониби Иттиҳодияи аграрии «Водии Зарин» дар заминҳои ҳолати кишоварзияшон барқароршуда кишти пахтаи маҳиннах, шолӣ ва гандум дар сатҳи баланд ва бо истифодаи таҷрибаи муосири кишоварзӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳолати нашъунамои гандум дар майдони 600 гектар мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ хуб буда, кишоварзон ният доранд баъди ҷамъоварии ҳосили гандум дар ҳамин майдон кишти такрорӣ гузаронида, маккаи дон кишт намоянд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш таҷрибаи Иттиҳодияи аграрии «Водии Зарин»-ро дар азхудкунии заминҳои бекорхобида, истифодаи техникаю таҷҳизоти муосири кишоварзӣ ва бунёду навсозии инфрасохтори зарурии ҳоҷагиҳои кишоварзӣ намунавӣ арзёбӣ карданд.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳолати омодагӣ ба таҷдиду навсозии Фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа, аз ҷумла навсозии хатти парвоз ва биноҳои маъмурии фурудгоҳ шинос шуд.