Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд

Апрель 14, 2016 15:28

Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 15-17 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Кароматулло Ҳакимов (73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов(ҳарду — то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг) дохиланд.
Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки ширкати гӯштингирони бештар аз 30 кишвар дар назар аст, аз Тоҷикистон довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров ба ҳайси ҳакам хидмат мекунад. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд.
Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш аз соли 1966 инҷониб доир мешавад. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот ҳамагӣ 13 медал- 5 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овардаанд. Вале то ҳоло дар ин намуд касе аз Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардонида шуда буданд.

Апрель 14, 2016 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад