Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия — роҳ ба сӯи пешрафт

Апрель 28, 2016 11:57

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону омӯзгорон бо раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ахмедов ва Гулбаҳор Турсунова доир гардид.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки замона тақозо дорад, то меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон бошанд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони амнияти ҳамкории Аврупо буда, вазифадор аст, меъёрҳои қонунгузории хешро ба талаботи ин созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд. Тағйиру иловаҳо ба   Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар танҳо таклифу пешниҳоди вакилони мардумӣ нест, балки он бо хоҳиши сокинони кишвар рӯи кор меояд.  Ва мутобиқи он минбаъд дар мамлакатамон амал кардани ҳизбҳои сиёсии характери динӣ ва миллӣ дошта манъ карда мешавад. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ- ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ бояд баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шаванд.

Апрель 28, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад