Таъйиноти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлатӣ
Душанбе, 04.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Билол Иброҳим — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло — Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Инчунин Каримзода Азизмад аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъйин гардид, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд, Исмоилова Мунавара Сайдуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд, Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, Неъматзода Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат ба ин вазифа таъйин гардид.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон






