Таъмини иштироки бемамониати маъюбон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд дар раъйпурсии умумихалқӣ
Душанбе, 22.004.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои «Таъмини иштироки бемамониати маъюбон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд ба раъйпурсии умумихалқӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, лигаи занҳои маъюб, Ассотсиатсияи волидайни кўдакони маъюб, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулин аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба раъйпурсӣ ва таъмини шароити муносиб барои маъюбон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд дар участкаҳои раъйпурсӣ маълумот дода, иброз доштанд, ки тибқи қонунгузории амалкунанда шаҳрванде, ки имкони мустақилона пур кардани варақаи интихоботиро надорад (шахси нобино), ҳақ дорад аз рўи салоҳдид ба ҳуҷраи овоздиҳӣ шахси дигарро даъват намояд.








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






