Тоҷикистону UNODC ҳамкориро дар самти мубориза бо маводи мухаддир тақвият медиҳанд
Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Иҷлосияи махсуси СММ доир ба масоили ҷаҳонии маводи мухаддир мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Юрий Федотов доир гашт.
Бино ба иттилои ВКХ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо чолишҳои вобаста ба маводи мухаддир таъкид намуданд. Ҷонибҳо инчунин масъалаи дастгирии молиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






