«Тоҷикстандарт» воридоти пӯсту тухми мурғ ва равғани нахлро аз хориҷа манъ кард. Сабаб чист?
Душанбе, 18.04.2016/АМИТ Ховар/. Аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвар- Агентии «Тоҷикстандарт» воридоти тухму пӯсти мурғ ва чарбуи чорво аз хориҷи кишвар пурра манъ карда шуда, илова бар ин барои манъи воридоти равғани нахл /палма/ тадбирҳо андешида мешаванд.
Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки ин тадбир бо мақсади роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифат аз хориҷи кишвар ба қаламрави ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти истеъмолкунандагон андешида шудааст. Бо назардошти он, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ теъдоди корхонаҳои мурғпарварӣ афзоиш ёфта ва бозори истеъмолиро бо тухми истеҳсоли ватанӣ таъмин менамоянд, воридоти тухми мурғ аз оғози соли равон пурра манъ карда шуд. Омили асосии манъи пурраи воридоти пӯсти мурғ ва чарбуи чорво аз хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон рабт дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар зарфи се моҳи соли равон беш аз 90 тонна тонна маҳсулоти гӯштӣ ва зиёда аз 150 тонна равғани растании ғайристандартӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.
Интизор меравад, ки дар оянда воридоти равғани нахл ҳам ба ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. Алҳол дар ин самт мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» таркиби равғани аз нахл ҳосилшударо, ки онро соҳибкорони тоҷик аз хориҷа ворид менамоянд, меомӯзанд. Гуфта мешавад, ки сифати равғанҳои пахтаи истеҳсоли ватанӣ назар ба 5-10 соли пеш хеле баланд гардида, бехатарии он кафолат дода мешавад.
Инчунин корхонаҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли равғани пахта машғуланд, таҳти назорати доимӣ мебошанд.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






