Қурғонтеппа: омодагиҳо ба таҷлили Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат мегиранд
Душанбе, 22.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ вусъат меёбанд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр дар ҳаҷми 2880 метри мураббаъ шиору навиштаҷот овезон гардиданд.
Тибқи иттилои Қаҳрамон Бобохонов, роҳбари Маркази матбуоти дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар кӯчаву хиёбонҳо 750 адад лампаҳои гуногунҳаҷм насб гардида, 445 метр симҳои гуногунҳаҷми барқӣ иваз ва парчамҳои овехташуда нав шуданд.
-Бо ин мақсад зиёда аз 17 километр роҳҳои асосӣ ва дорои аҳамияти маҳаллӣ бо иваз намудани хати фазлаоб, новаҳои паҳлуи роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ду кӯпруки асосии маркази шаҳр -яке пурра навсозӣ ва дигаре таъмири ҷорӣ гардиданд ва тамоми роҳравҳои пиёдагарди шаҳр сафолакпӯш шуданд, — афзуд Қ.Бобохонов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






