Вайронкунандагони қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур ҳолати иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш қарор гирифт.
Санҷишҳои прокурорӣ муайян карданд, ки ҳанӯз ҳам дар баъзе корхонаву ташкилот, ки зиёда аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода нашудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур 104, Сино 46, Исмоили Сомонӣ 34 ва Фирдавсӣ 14 адад корхонаву ташкилот ва муассисаҳо комиссияҳои мазкурро таъсис надодаанд, ки бар хилофи талаботи моддаи 4 Қонуни мазкур мебошад.
Нисбат ба роҳбарони ташкилот ва муассисаҳои мазкур бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва ташкилоти дигар комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил ёфта бошанд ҳам, вале онҳо бо комиссияи доимии ҳудудӣ ҳамкорӣ надошта, оид ба фаъолияти худ ягон ҳисобот пешниҳод накардаанд.
Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти маъмурияти тарабхонаҳо, ҳунармандон ва шаҳрвандони алоҳида низ камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд, ба монанди бо шумораи аз меъёр зиёди даъватшудагон додани зиёфат ва оши тӯй, бо теъдоди зиёди мошинҳои сабукрав гузаронидани маросими ақди никоҳ ва ғайраҳоро ошкор намуданд.
-Қонунвайрокуниҳои мазкур шаҳодати онанд, ки комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо фаъолияти худро ба таври дахлдор ба роҳ намонда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок накардаанд, ки дар натиҷа як қатор шаҳрвандон аз надонистани меъёрҳои қонун даст ба содир намудани ин қабил қонунвайронкуниҳо задаанд,- изҳор дошт манбаъ.








12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид






