Вайронкунандагони қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд

Апрель 25, 2016 15:27

Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур ҳолати иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш қарор гирифт.
Санҷишҳои прокурорӣ  муайян карданд, ки  ҳанӯз ҳам дар баъзе корхонаву ташкилот, ки зиёда аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода нашудаанд. Аз ҷумла,  дар ноҳияҳои Шоҳмансур  104, Сино  46, Исмоили Сомонӣ  34 ва Фирдавсӣ 14 адад корхонаву ташкилот ва муассисаҳо комиссияҳои мазкурро таъсис надодаанд, ки бар хилофи талаботи моддаи 4 Қонуни мазкур мебошад.
Нисбат ба роҳбарони ташкилот ва муассисаҳои мазкур бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва ташкилоти дигар комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил ёфта бошанд ҳам, вале онҳо бо комиссияи доимии ҳудудӣ ҳамкорӣ надошта, оид ба фаъолияти худ ягон ҳисобот пешниҳод накардаанд.
Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти маъмурияти тарабхонаҳо, ҳунармандон ва шаҳрвандони алоҳида низ камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд, ба монанди бо шумораи аз меъёр зиёди даъватшудагон додани зиёфат ва оши тӯй,  бо теъдоди зиёди мошинҳои сабукрав гузаронидани маросими ақди никоҳ ва ғайраҳоро ошкор намуданд.
-Қонунвайрокуниҳои мазкур шаҳодати онанд, ки комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо фаъолияти худро ба таври дахлдор ба роҳ намонда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок накардаанд, ки дар натиҷа як қатор шаҳрвандон аз надонистани меъёрҳои қонун даст ба содир намудани ин қабил қонунвайронкуниҳо задаанд,-  изҳор дошт манбаъ.

Апрель 25, 2016 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид