Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат
Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳим Раҳимзода, сармутахассиси Кумитаи марказии интихоботу раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Улфатов ва сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Афғонов бо донишҷӯёну устодон вохӯрии судманд доир гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ навори филми мустанаде, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ таҳия шудааст, дар бораи оқибатҳои шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Филми мазкур тақдири бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо ҳар роҳу васила ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ афтода, дар ҷангҳои дохилии ҳудуди дигар давлатҳо иштирок намудаанд, дар бар мегирифт.
Зикр карда шуд, ки яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- ин шомилшавии бархе аз шаҳрвандони кишвар ба ҳар гуна гурӯҳ ва ташкилотҳои ғайриқонунии дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ мебошад, ки он ҷомеаи имрӯзаи бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.
Зарур аст, ки ҳар як ҷавони худогоҳ ва донишҷӯи фаъол ҳушёриву зиракиро аз даст надода, барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ мубориза баранд ва нагузоранд, ки нохалафе ҳамсол ва рафиқи онҳоро гумроҳ созад.








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






