Яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи Сӯҳроб Шарифов гузошта шуд
Душанбе, 14.04. 2016/АМИТ «Ховар»/. Кӯчаи Шаумяни пойтахт ба номи собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик, шодравон Сӯҳроб Шарифов гузошта шуд.
Дар ин хусус 14 апрел дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вакилони шаҳрӣ қарори марбута қабул намуданд. Ин иқдом аз ҷониби вакилони Маҷлиси шаҳрӣ дар остонаи ҷашни мавлуди Сӯҳроб Шарифов, ки ба санаи 18 апрел рост меояд, сурат гирифта, ҳадафи он қадрдонии хизматҳои шоистаи собиқ вакили Парлумон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки С. Шарифов моҳи январи соли 2015 дар 52- солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Мавсуф дар умри кӯтоҳи худ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба ҳайси Ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ (2003-2005), директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ (2005-2011) содиқона хизмат намуда, муаллифи 500 мақола ва беш аз чор китоби илмӣ мебошад. То охири умраш ба ҳайси вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат фаъолият мекард.








КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад






