Қабули нақшаи муштараки КҲФ ва МГ ҶТ ва ФР барои солҳои 2017-2018
Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қабули нақшаи муштарак барои солҳои 2017-2018 зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия Владимир Пучков натиҷагирӣ шуда, татбиқи лоиҳаҳои рушд барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи иштироки худ дар IX Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти бехатарӣ «Маҷмўи бехатарӣ- 2016 » , ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия Владимир Пучков мулоқот намуд.
Бино ба маълумоти котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулода, масъалаҳои омўзиш ва бозомӯзӣ, омода кардани кадрҳо дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ва таъсиси Маркази буҳрониро дар ҳолатҳои фавқулодаи муҷаҳҳаз бо техникаҳои зарурӣ мароқ зоҳир намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






