Афғонистон: дар натиҷаи обхезӣ 24 нафар қурбон шуданд
Душанбе, 19.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар манотиқи дурдасти музофоти Сарипули Афғонистон бар асари обхезие, ки дар натиҷаи боришоти пай дар пай сар зад, на кам аз 24 нафар қурбон шуданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба гуфтаи волии ин музофот иттилоъ дод.
«Дар натиҷаи офати табиие, ки дар минтақаи Куҳистонат рух дод, дар маҷмӯъ 10 нафар осеб дида, 40 каси дигар бедарак гаштанд. Обхезӣ якчанд деҳаро фаро гирифта, беш аз 200 хонаро дар ин минтақа хароб кард», — гуфт волии музофот Зоҳир Ваҳдат.
Бино ба гуфтаи ӯ, обхезӣ ҳамчунин садҳо боғ ва ҳазорҳо гектар заминро шустааст. Теъдоди қурбониён ва осебдидагон метавонад афзояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






