Ҳайати мушоҳидони ИДМ ба мушоҳидаи раъйпурсӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайати мушоҳидони ИДМ ва ситоди он рӯзи 8 май ба мушоҳидаи (мониторинги) раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ кард. Дар ин бора аз ситоди Ҳайати мушоҳидони ИДМ хабар доданд.
Намояндагони Ҳайати мушоҳидони ИДМ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, доир ба ҷараёни омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ маълумоти муфассал гирифтанд.
Дар навбати худ, аъзои ҳайат дар бораи тартиб ва усулҳои кори худ маълумот дода, иттилоъ доданд, ки Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои иштирокдори ИДМ номзадии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркунро ба сифати роҳбари Ҳайати мушоҳидони ИДМ мувофиқа кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҳайат мушоҳидаро дар доираи қонунгузории миллӣ, бе дахолат ба корҳои дохилии давлат ба роҳ мемонад.
То 8 май барои бақайдгирии (аккредитатсияи) 100 мушоҳиди ИДМ ҳуҷҷат супорида шудааст. Ба ҳайати Ҳайати мушоҳидони ИДМ намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Маҷлиси парлумонии Беларусу Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ шомил мебошанд.
Ситоди Ҳайати мушоҳидони ИДМ оид ба фаъолияти худ мунтазам иттилоъ медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






