Ғалабаи Бибисоро, Зиёда ва Нурзиё дар пойгаи аспдавонӣ
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Зимни баргузории пойгаи аспдавонӣ, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Рашт баргузор гардид, дар қатори 104 нафар аспдавонон 10 нафар варзишгардухтарони чусту чолок низ иштирок карда, дар мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаи ҳазору 200 метр Бибисоро Раҳимова, Зиёда Маҳмадтолибова ва Нурзиёи Саидаҳмад мутаносибан ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мушарраф гардиданд.
Дар миёни мардҳо аз ҳама пеш Шоҳрух Ятимов ба марра расида, ҷойи аввалро ишғол кард. Ҷойи дуюм ва сеюмро варзишгарон Рустам Ҷамилов аз ноҳияи Нуробод ва Ғаниҷон Иблоев аз ноҳияи Рашт ишғол карданд.
Мусобиқаи мазкур таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ поянда бод!» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳама сола 23 май ҷашн гирифта мешавад ва ба муносибати райъпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кишвар миёни ҷавонписарон ва ҷавондухтарони минтақаи Рашт баргузор гардид.
Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода, раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода, сардори РВКД дар минтақаи Рашт Рустам Шафизода дар назди иштирокдорони мусобиқа суханронӣ намуда, ҳадафи баргузории мусобиқаро такон додан ба рушди варзиш, тақвияти солимии ҷомеа ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ маънидод намуданд.
Новобаста аз номусоидии боду ҳаво ҳазорон нафар дӯстдорони варзиш дар майдони мусобиқа ҷамъ омада, аз ҳунарнамоии ҷавондухтарону ҷавонписарони бо хушнудӣ истиқбол намуданд.
Ғолибони пойгаи аспдавонӣ бо нишон, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои шоиста мукофотонида шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






