Ҷаласаи навбатии Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 31, 2016 11:37

Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи навбатии Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид.
Дар ҷаласа масъулин оид ба ҷараёни марҳилаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳолати баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гузориш доданд.
Азим Иброҳим  раиси Комиссия барои инъикоси васеъ ва ҳамаҷонибаи ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма минатдории худро баён намуда, иброз дошт: «Воқеан дар воситаҳои ахбори омма инъикоси ин чорабинӣ хуб ба роҳ монда шудааст, дар он ҳам тавсиф ва ҳам танқиди холисона дида мешавад. Вале масъулини гурӯҳи корӣ бо намояндагони ВАО ҳамкориро бояд боз ҳам беҳтару бештар ба роҳ монанд».
Дар ҷаласаи Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ намунаҳои иловагии ҷоизаҳо ва нишонҳои хотиравӣ мавриди баррасии аъзои Комиссия қарор гирифтанд.

Май 31, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад