Ҷараёни маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ Ховар/. Аз субҳи содиқ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо пахши садои суруди миллии ҶТ, шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ҶИЭ муваққатан зиндагӣ ва таҳсил менамоянд, назди қуттиҳои овоздиҳӣ рафта, раъйи худро медиҳанд.
Ҷавонон, ки неруи созанда ва ҳомиёни давлату миллатанд, дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ҳамеша пештоз мебошанд. Яке аз аввалинҳо шуда, донишҷӯёни Донишгоҳи пизишкӣ ва Донишгоҳи миллии Исфаҳон, Ҳамадон, Донишгоҳи Гургон, Қум ва Донишгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Қазвин бо теъдоди 179 нафар ташриф оварда, дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар-раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол ва назарраси худро ниҳода ва ба ин васила нақши худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар гузошта истодаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон барои интихобкунандагон тамоми шароити мусоид фароҳам гардидааст. Вобаста ба ҷараёни интихобот мустақиман аз ҷониби масъулин ба комиссияи марказӣ иттилоъ ирсол мегардад.
Итминони комил дорем, ки шаҳрвандони муҳтарами мо ба хотири ободии кишвар, бунёди рушди устувори иқтисодиёт, сулҳу амният ва зиндагии осоишта барои ояндаи неки давлату миллати хеш раъй хоҳанд дод.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






