Ҷараёни раъйдиҳӣ дар ноҳияҳои Муъминобод ва Ҳамадонӣ қаноатбахш аст
Муъминобод, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйдиҳии сокинон дар участкаҳои раъйпурсии ноҳияи Муъминобод муташаккилона ҷараён дорад. Тавре раиси ҳавзаи раъйпурсии умумихалқии Муъминобод-60 Раҷабалӣ Табарзода гуфт, то инҷониб аз 41 439 нафар раъйдиҳанда 32 571 нафарашон раъйи худро доданд, ки 78,6%-ро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1400 нафараш бори аввал овоз медиҳанд, 2008 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 137 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ ин маъракаи муҳими сиёсӣ хуб ҷараён дошта, аз 64 707 нафар 17 885 нафарашон раъйи худро доданд, ки 27,6%-ро ташкил медиҳад. Тавре котиби ҳавзаи раъйпурсии Ҳамадонӣ №59 Ғафурзода Давлатшо иттилоъ дод, аз ин шумора 1319 нафар бори аввал овоз дода, 4452 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ва 364 нафар бемор мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 40 участкаи раъйдиҳӣ ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ 46 участкаи раъйдиҳӣ амал менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






