Ҷараёни раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Беларус

Май 22, 2016 17:13

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз участкаи раъйпурсии №45 аз ҳавзаи раъйпурсии Шоҳмансур №3 оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ҷойгир аст, аз саҳар серодам буда, он ҷо руҳияи идона тантана дорад.

Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки комиссияи участкавӣ таҳти роҳбарии Сафир Қозидавлат Қоимдодов ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи баланд корҳои зиёдро ба иҷро расонид. Ба ин мақсад нақшаи кории комиссия ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ омода гардиданд.

Тавре раиси комиссияи участкавӣ Қ.Қоимдодов қайд кард, шурӯъ аз моҳи феврал бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои Минск, Витебск ва Гомел, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус сукунат доранд, вохӯриҳо доир гардиданд, байни онҳо роҷеъ ба гузаронидани раъйпурсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом гирифтанд, ба ин хотир воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат фаъолона истифода шуданд. Ҳамчунин барои ҳар овоздиҳанда хабарномаи фардӣ омода гардида, сари вақт ба онҳо ирсол гардид.

Ғайр аз ин, саривақт роҷеъ ба рӯзу соат ва ҷайи баргузории раъйрусӣ дар рӯзномаи ҷумҳуриявии “Республики” ва сомонаи Сафират эълон нашр шуда буд.

Ба мақсади мушоҳидаи рафти раъйдиҳӣ намояндагони Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ҳайси нозирони байналмилалӣ дар участкаи раъйпурсӣ ҳузур доштанд.

Аввалин шуда барои овоздиҳӣ раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии тоҷикон “Сомониён” Ҷумъабой Бобоҷонов ва муовини раиси Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ, аспиранти Донишгоҳи давлатии Беларус Абдунасим Раҷабов ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуданд.

Қобили зикр аст, ки аз миёни овоздиҳандагон чор нафар имсол ба синни 18-солагӣ расидаанд ва ба онҳо аз ҷониби комиссияи участкавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Шоёни қайд аст, ки раъйпурсии умумихалқӣ муташаккилона ва бо иштироки фаъолонаи овоздиҳандагон сурат гирифт.

Май 22, 2016 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд