Ҷавонони фаъоли «Пешоҳанг» ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кумак расониданд
Душанбе, 18.05.16. /АМИТ «Ховар»/. 18 май ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ба ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, ба сокинони маҳаллаҳои зарардида дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ кумаки худро расониданд. Ҷавонону донишҷӯён паҳлӯ ба паҳлӯ ва бо дастгирии якдигар дар ободонии атроф ва тозакунии кӯчаву маҳал аз лойқаву сангу шағал саҳми худро гузоштанд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамзамон, зимни вохӯрӣ бо сокинон ҷавонон туҳфаҳои худро ба мардуми маҳалҳои зарардида, алалхусус ба наврасону хурдсолон тақдим намуданд.
Сокинони зарардидаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷавонону донишҷӯён барои ин иқдоми хайрхоҳона ва кумаки беғаразона изҳори миннатдорӣ намуда, хушҳол аз он буданд, ки дар партави сиёсати ободкоронаву сулҳхоҳонаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ мардуми кишвар дар рӯзҳои вазнин бо нишони ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба якдигар кумак мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли равон дар натиҷаи бориши аз меъёр зиёд оби дарёи Элок баланд шуда, бо омадани сел обу лойқаи он ба манзилҳои зисти ҷамоати деҳоти Зайнабобод, шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ва хоҷагии қишлоқи он хисороти зиёд расонид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






