Аввалин мусовии «Истиқлол» ва аввалин имтиёзи «Равшан» дар мавсими соли 2016

Май 22, 2016 11:19

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз чемпиони мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  бо «Хайр»-и Ваҳдат қувва озмуда, бо натиҷаи 0:0 онро ҷамъбаст кард, ки ин аввалин мусовии истиқлолиҳо дар мавсими соли 2016 мебошад.
«Равшан»-и Кӯлоб дар рақобат бо «Парвоз» баъди нимаи аввал бо натиҷаи 3:1 дар сафи пеш буд, аммо меҳмонон нагузоштанд, ки соҳибони майдон ба комёбӣ мушарраф шаванд ва натиҷаро 3:3 мусовӣ карданд. «Равшан» соҳиби аввалин хол дар мавсими ҷадид гардид.
Вохӯрии ниҳоят ҷолиб дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қурғонтеппа ба амал омад. «Вахш» КМВА «Помир»-ро ба ҳузур пазируфт. Нимаи аввал бо бартарии меҳмонон паси сар шуд ва «Вахш» ду голро аз дарвозааш гирифт. Дар нимаи дуввум соҳибони майдон ба худ омада, бо хатоии дарвозабони меҳмонон Фатҳулло Бобоев ҳисобро баробар карданд ва баъди аз майдон ронда шудани Худойдод Узоқов(61) 10 нафара ба задани ду гол мушарраф шуда, бо натиҷаи 3:2 ғолиб омаданд.
Дар ин давр «Ҳосилот» бар «Хуҷанд» (1:0) ва «Барқчӣ» бар «Регар ТадАз» (2:1) пирӯз гардиданд.
Ба ҳамин тартиб, «Истиқлол» бо 19, «Ҳосилот» бо 14 ва «Хайр» бо 11 хол дар зинаҳои болоӣ қарор доранд.

Май 22, 2016 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад