Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот доир мешавад
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар тамоми манотиқи кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (ҳамоиш) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими неруи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор мешавад.
Ҷавонон барои дӯстию меҳр ба Ватану миллат ба якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар туҳфа менамоянд.
Шахсони хоҳишманд барои иштирок дар ҳамоиши мазкур дар гулбоғҳо қабл аз баргузории мусобиқа метавонанд номнавис шаванд.
Ғолибонро туҳфаҳои арзишнок интизоранд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






