«Барои рушди босуботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик овоз додам»

Май 22, 2016 10:51

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «То соати 9-00 и 22 май наздики 613 нафар сокинон дар участкаи раъйпурсии №16 воқеъ дар гиназияи №74- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо шукрона аз фазои орому осудаи кишвар дар чорабинии муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд», мегӯяд  Зулфия Иномова, раиси участкаи мазкур.
Ба иттилои котиби  ин участкаи раъйпурсӣ, дар  участка 2044 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 29 нафари онҳо бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок доранд. Ҳамчунин дар ин участка 29 нафар 18-сола, 11 нафар маъюб, 66 нафар русзабон, 3 нафар дар хизмати ҳарбӣ, 23 нафар муҳоҷир ва 31 нафари аз 70- сола боло ба қайд гирифта шудаанд. Барои нафарони маъюбу бемор қуттии сайёр омода карда шудааст.
Ҳоло теъдоди зиёди сокинон вориди участка гардида истодаанд ва тавре ба назар мерасад, сокинон барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ хело фаъол ҳастанд.
Чила Вафодороваи 18-сола, сокини кӯчаи Деҳотӣ 23/6, ки бори аввал овоз медиҳад, мегӯяд: «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, ман барои рушди босуботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик овози худро додам».
Ба гуфтаи мушоҳидони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Туркманистон Амангелдӣ Гандимов, котиби Комиссияи марказии интихобот, Атадурдӣ Сахатлиев, сармутахассиси дастгоҳи Комиссияи интихоботи Туркманистон ва намояндаи Сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салават Мухаметов то ин соат дар ин участка ягон қонунвайронкунӣ ба  мушоҳида нарасидааст.
Хотиррасон мекунем, ки овоздиҳӣ мувофиқи қонунгузории кишвар соати 6-и субҳ шурӯъ гардид ва участкаҳои раъйпурсӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20-и шом баста мешаванд.

Май 22, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа