Барои шахсони бемор ва маъюб қуттиҳои сайёр омода шудаанд
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. То соати 12 дар участкаи раъйпурсии №25 ноҳияи Сино, ки дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» ҷой гирифтааст, 57% овоздиҳандагон раъй доданд. Бино ба маълумоти котиби комиссияи участкаи раъйпурсии № 25 Саида Қурбонова, теъдоди умумии раъйдиҳандагон 1855 нафар мебошад.
«Дар участкаи мо мушоҳидон аз ташкилотҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳузур доранд. Дар айни замон ду аъзои комиссия бо қуттии сайёр ба хонаи шахсони маъюб рафта, овози онҳоро ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Дар участкаи раъйпурсии № 25 20 маъюб ба қайд гирифта шудааст»,-гуфт С.Қурбонова.
Раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, яке аз овоздиҳандагони участкаи раъйпурсии №25 -и ноҳияи Сино мегӯяд, ки пас аз ин қонуни асосии кишвар пурра дунявӣ хоҳад гашт. Аз ҳамин сабаб ман имрӯз ба ин ҷо омадам, то аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ҷонибдории худро баён намоям,-иброз дошт Ш.Шабдолов.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






