Баррасии Лоиҳаи нақшаи генералии рушди «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯнамоии лоиҳаи нақшаи генералии рушди «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар он намояндагони Вазорати нақлиёт, «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, ширкати «Корпорэйт Солюшнз» (Британияи Кабир), ҳамчунин намояндагон аз Бонки осиёии рушд ширкат доштанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки таҷдиди ФБХ бо кумаки молиявии БАТР ва ҳиссаи ҶСК ФБХ ба роҳ монда мешавад. Дар доираи лоиҳа 5 сентябри соли 2014 байни фурудгоҳи Хуҷанд ва ширкати консалтингии «Корпорэйт Солюшнз» ҷиҳати таҳияи «Нақшаи генералии рушди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» қарордод ба имзо расида буд.
Пас аз муаррифӣ ва таҳлилу баррасии лоиҳа ба Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, то мутобиқи тартиби муқарраршуда роҷеъ ба мувофиқаи нақшаи генералӣ бо вазорату корхонаҳои марбута тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Гуфта шуд, ки Вазорати нақлиёти ҶТ ба хотири ҳамкории қавию густурда дар соҳаи маҷмааи нақлиёти кишвар ҳамеша омода аст.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






