Баррасии масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳолатҳои номатлуб дар Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод
Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаю бахшҳои дахлдор дар деҳаи Фатҳободи ҷамоати Қалъаи лаби об бо падару модарон оид ба дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳолатҳои номатлуб, зӯроварӣ дар оила, вохӯрӣ доир намуд.
Муовини раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, мудири шуъбаи маориф З.Ҳимматова, мудири бахши кор бо занон ва оила Меҳринисо Гадоева, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ А. Ҳафизов, иштирок намуда, оид ба мавзӯҳои мазкур ибрози ақида намуданд.
Муовини раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо дар мавриди зарурати қабули қонуни мазкур маълумот дод. Зикр гардид, ки бархе аз падарону модарон тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ намонда, барои ҷомеаи мо мушкилиҳои зиёд ба бор меоваранд.
Бинобар ин ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бояд тарбия кард.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






