Баррасии моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «CASA-1000» дар Душанбе
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамоиш дар мавзӯи «CASA-1000» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» дар бинои Китобхонаи миллӣ ба кори худ шурӯъ кард. Тавре ки АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар кори ҳамоиш намояндагони чор кишвари иштироккунандаи Лоиҳаи «CASA-1000» — Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар сатҳи вазирон, ҳамчунин роҳбарони баландпояи шарикони лоиҳа — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндагони ҳукуматии Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ, ташкилоти Паймони неру ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рӯзмарра будани татбиқи лоиҳаи «CASA-1000»- ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Хотиррасон мешавем, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати иҷроияи ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков баргузор мегардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






