Баррасии раъйпурсии умумихалқӣ дар ВКХ Тоҷикистон
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ Владимир Гаркун 19 май дар Душанбе мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкории Тоҷикистону ИДМ — ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.
С. Аслов ба ҳайати мушоҳидон аз ИДМ барои ташриф ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати маъракаи муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар ҳошияи ИДМ — ро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






